Қазоқистон ва Чехия канали байналмилалии вайронкунии маълумоти шахсиро барҳам доданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Чехия канали байналмилалии вайронкунии маълумоти шахсиро барҳам доданд

Остона, 17 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Полиси Қазоқистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи амнияти миллӣ (КАМ) ва полиси Чехия фаъолияти гурӯҳи байналмилалии ҷинояткоронро қатъ намуд. Ҳамлагарон маълумоти шахсии шаҳрвандони Қазоқистон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) – ро ғайриқонунӣ паҳн менамуданд.

Кофтуковҳо ҳамзамон дар Усти-над-Лабем (Ҷумҳурии Чех), Остона, Алмаато ва Караганда гузаронида шуданд. Васоити рақамӣ бо далелҳо ва инчунин пули нақд мусодира намуда шуданд.

Ҷинояткорон сомонаи махфиро таъсис доданд, ки дар он маълумоти шахсӣ фурӯхта мешуд. Дар гурӯҳ иерархияи возеҳ мавҷуд буд: координаторҳо, операторҳое, ки фармоишҳои “пробив” (ҷамъоварии ғайриқонунии маълумот дар бораи инсон) ва ҳисобҳои партофташуда (ҳисобҳои пулӣ)-ро қабул менамуданд.

Нархнома вуҷуд дошт: дархостҳои якдафъаина ва дастрасии муштариен ба захира.

“Ташкилкунандагон боздошт ва ба изолятори муваққатӣ гузошта шуданд. Тафтишот идома дорад ” гуфт сардори департаменти муқовимат ба киберҷинояткории ВКД Ҷандос Суюнбай.

ВКД мубориза бо киберҷинояткорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандонро идома медиҳад.

Сурат: ВКД ҶҚ