Остона, 16 сентябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон бо ширкати фаронсавӣ созишномаро дар бораи марҳилаҳои татбиқи лоиҳаи ҷорӣ намудани технологияҳои фаронсавӣ ба инфрасохтори гидротехникӣ имзо намуд. Дар маросим муовини вазир Жандос Салимов иштирок намуд.

Созишнома таҳлили экспертии ҳуҷҷатҳои иншооти гидротехникӣ, семинарҳои омӯзишӣ барои муҳандисон ва мутахассисони қазоқистонӣ, инчунин муайян намудани на камтар аз ду сарбанд ва як канали обёриро барои истифодаи озмоишии технологияҳои фаронсавӣ пешбинӣ мекунад. Барои ҳар як иншоот тавсияҳо, қарорҳои пешакии техникӣ ва арзёбии мӯҳлатҳо омода карда мешаванд. Лоиҳаҳои озмоишӣ гузоштани пӯшиши геомембрана (маводи обногузар) дар каналҳо, автоматикунонии гидроузелҳо ва ҷорӣ намудани мониторинги рақамиро дар бар мегиранд. Ин бехатарӣ ва самаранокии истифодаи инфрасохтори хоҷагии обро бо дурнамои навсозии дигар иншоотҳо баланд мебардорад.
“Афзалияти иловагӣ дар он аст, ки ширкат пойгоҳи истеҳсолии корхонаи Вилояти Ҷамбул дорад. Мо ҳуҷҷатҳои бо ҳайати фаронса имзошударо ҳамчун воситаи амалӣ барои гузариш аз ҳамкории умумӣ ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххас баррасӣ мекунем” гуфт муовини вазири захираҳои об ва обёрӣ Жандос Салимов.
Аксҳо: ВЗОО ҶҚ
