Остона, 9 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар доираи сафари расмӣ ба Боку бо Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов гуфтушунид намуд.

Кошербоев таъкид намуд:
“Бо Шарофати иродаи сиёсии сарони давлатҳо дар се соли охир муносибатҳои қазоқистону озарбойҷон ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ бароварда шуданд”.
Ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар панҷ соли охир 5 маротиба афзуда, дар соли 2025 470,7 миллион долларро ташкил дод. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба афзоиши нишондиҳанда то 1 миллиард доллар мусоидат кунанд.
Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории флагманӣ Хатсайри байналмилалии нақлиетии Транскаспий, гузоштани хатти нахи оптикии алоқа ва кабели барқии чуқури обӣ дар поёни Каспий баррасӣ намуда шуд.
Ба ҳамкорӣ дар транзити захираҳои энергетикии қазоқистон тавассути Озарбойҷон, инчунин ба соҳаҳои кишоварзӣ, кооперасияи саноатӣ ва телекоммуникатсия диққати махсус дода шудааст. Нақши афзояндаи Фонди муштараки сармояи хусусӣ қайд намуда шуд.
Ҳар ҳафта байни шаҳрҳои ду кишвар тақрибан 30 парвози ҳавоӣ анҷом дода мешавад. Ҷонибҳо ҷонибдории худро ба ҳамкорӣ дар доираи СММ, СДТ, СВМДА, ИДМ, СҲШ ва саммити Каспий тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
