Душанбе, 31 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода иттилоъ дод, ки соли гузашта 9 ҳазор хонандаи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Федератсияи Русия таҳсил мекарданд, ба Ватан баргашта, ба раванди таълим фаро гирифта шуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки 30 январ баргузор гардид, роҳбари соҳа изҳори нигаронӣ намуд, ки фарзандони муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аксаран аз таҳсил берун мемонанд. Ба гуфтаи ӯ, омори дақиқ оид ба шумораи чунин кӯдакон вуҷуд надорад.
Вазир таъкид кард, ки ҳамаи хонандагони ба Тоҷикистон бозгашта таҳти назорати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
«Онҳо фарзандони мо ҳастанд», — гуфт Раҳим Саидзода.
Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки бархе аз кӯдакон бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд, зеро дар давоми чанд сол умуман таҳсил накардаанд.
«Масалан, ҳолате буд, ки як писарбача ҳангоми таҳсил дар синфи чорум аз мактаби Тоҷикистон гирифта шуда буд. Пас аз бозгашт мехост таҳсилро аз синфи ҳаштум идома диҳад. Ӯ чор сол дар қаламрави Русия қарор дошт, вале умуман таҳсил накарда буд. Мо кӯшиш кардем мушкили ӯро ҳал намоем», — гуфт вазир.
Қобили зикр аст, ки бозгашти чунин шумораи зиёди хонандагони тоҷик аз Русия дар пасманзари қабули қонуни санҷиши сатҳи дониши забон барои кӯдакони муҳоҷир пеш аз қабул ба мактабҳои ин кишвар сурат гирифт. Дар натиҷа, то оғози соли таҳсил ҳазорҳо кӯдак аз таҳсил маҳрум монданд.
Дар посух ба суол дар бораи шумораи кӯдакони тоҷик, ки дар Русия қарор дошта, ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, Раҳим Саидзода изҳор дошт:
«Мо омори дақиқ надорем, зеро ин масъала ба салоҳияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешавад».
Ба суоли дигар дар бораи имкони ташкили таҳсили фосилавӣ (онлайн) барои кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Русия зиндагӣ мекунанд, вазир посухи манфӣ дод ва таъкид намуд, ки ин масъала низ ба салоҳияти вазорат тааллуқ надорад.
Ёдовар мешавем, ки ду сол пеш мақомоти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, ки дар қаламрави Федератсияи Русия мактаб ё синфҳои тоҷикӣ фаъолият намекунанд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, таҳсил бо забони тоҷикӣ ва тибқи барномаҳои Вазорати маориф ва илм дар Русия дастрас нест.
Қаблан манбаъҳо дар вазорат сабабҳои роҳандозӣ нашудани таҳсили фосилавиро бо маҳдудият дар таъмини неруи барқ ва паст будани суръати интернет шарҳ дода буданд. Пас аз он, дигар иттилои расмӣ дар бораи баррасии дубораи ин масъала нашр нашудааст.
АКС: Бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия
