Душанбе, 18 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Ба ифтихори Рӯзи пойтахт аз 17 то 19 апрел бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сокинон ва меҳмонон хатсайри сайёҳии «Гашти шомгоҳӣ дар Душанбе» ташкил карда мешавад.

Тавре аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, хатсайр соати 19:00 аз назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз меёбад. Ҳадафи асосии ин иқдом рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, баланд бардоштани ҷолибияти пойтахт барои меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ва фароҳам овардани истироҳати фарҳангӣ барои сокинон мебошад.
Дар доираи ин хатсайри шомгоҳӣ иштирокчиён имконият доранд бо мавзеъҳои зебоманзар, иншооти муосир, марказҳои фарҳангӣ ва гӯшаҳои ҷолиби сайёҳии шаҳри Душанбе шинос шаванд. Барнома инчунин фароғатҳои фарҳангӣ ва маълумот оид ба таърих ва рушди пойтахтро дар бар мегирад.
Чунин иқдомҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби шумораи бештари меҳмонон ва таҳкими симои байналмилалии шаҳри Душанбе аҳамияти муҳим доранд. Дар шароити имрӯза маҳз чунин лоиҳаҳо ба пойтахт имкон медиҳанд, ки худро на танҳо ҳамчун маркази маъмурӣ, балки ҳамчун фазои ҷолиби сайёҳӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ кунад.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
