Ба муносибати фарорасии моҳи муқаддаси Рамазон, аз 18-уми феврал аҳолии Тоҷикистон бо барқ то 16 соат дар як рӯз таъмин карда мешаванд. – ИА Караван Инфо
Ба муносибати фарорасии моҳи муқаддаси Рамазон, аз 18-уми феврал аҳолии Тоҷикистон бо барқ то 16 соат дар як рӯз таъмин карда мешаванд.

Душанбе, 19 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои сокинон мерасонад, ки аз 18 феврали соли равон маҳдудияти шабонаи интиқоли энергияи барқ пурра бекор карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, минтақаҳое, ки қаблан ба онҳо танҳо 8 соат барқ интиқол дода мешуд, ҳоло тибқи реҷаи нав дар як шабонарӯз 16 соат — аз соати 15:00 то 08:00 бо энергияи барқ таъмин хоҳанд шуд.

Дар ин замина сокинон даъват карда мешаванд, ки барои нигоҳ доштани устувории низоми энергетикӣ, неруи барқро самаранок ва сарфакорона истифода баранд. Вазорати энергетика таъкид мекунад, ки эҳтиёткорона истифода бурдани барқ барои пешгирӣ аз эҳтимоли шикастани низом ва таъмини кори мунтазами шабакаи барқ муҳим мебошад.

Ҳамчунин маълум карда мешавад, ки бо зиёд шудани резиши об дар дарёи Вахш ва афзоиши истеҳсоли энергияи барқ дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш, сокинон метавонанд бе маҳдудият бо барқ таъмин гарданд.

АКС: АМИТ «ХОВАР»

error: