Бахси парлумони дар Мачлиси намояндагон - ИА Караван Инфо
Бахси парлумони дар Мачлиси намояндагон

Санаи 3 декабр тахти рохбарии Раиси мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Махмадтоир Зокирзода бо иштироки рохбарони вазорату кумитахои дахлдори мамлакат бахсхои парлумони дар бораи ичрои Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бучети Давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2024” барои 9 мохи соли 2024 баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки омилхои имрузаи ноустувории иктисодии чахони моро водор месозанд, ки барои пешгирии таъсири онхо ба иктисоди милли дар хамкори бо сохторхои дахлдори кишвар чорахои зарури андешем.

Дар шароити бухрони молиявию иктисодии чахони манбаи асосии таъмини хадафхои стратеги ва ичтимоии кишвар бучети давлати мебошад.

Дар ин замина, вазифаи хамаи вазорату идорахои аз бучет маблаггузоришаванда таъмини харочоти максаднок ва шаффофи маблагхои бучети, назорат ва риояи катъии интизоми молияви мебошад.

Барои ноил шудан ба ин максад, пешбурди сиесати устувори бучетию андоз ва аз хад зиёд ичро намудани он, чалби захирахои иловагии молияви, зиёд намудани даромади бучети чумхурияви, рох надодан ба харочоти иловагии бесамар ва баланд бардоштани интизоми молияви дар доираи стратегияхо ва барномахои давлати имконпазир аст.

Дар анчоми бахсхои парлумони пас аз мухокимаи вакилони халк бо шахсони масъули соха тавсияхои дахлдор бо назардошти пешниходхои дар хисоботхо пешниходшуда кабул намуда шуданд.

 АКСХО: мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

error: