Байни Точикистон ва иттиходи Аврупо созишномаи Молияви "Дар бораи гузариши «сабз» бо рохи сохтани занчири арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид" - ИА Караван Инфо
Байни Точикистон ва иттиходи Аврупо созишномаи Молияви "Дар бораи гузариши «сабз» бо рохи сохтани занчири арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид"

Санаи 3 декабр муовини якуми Сарвазири Чумхурии Точикистон Хоким Холикзода ва Сафири Иттиходи Аврупо дар Чумхурии Точикистон Раймундас Кароблис созишномаи Молиявиро байни Чумхурии Точикистон ва иттиходи Аврупо “дар бораи гузариши сабз бо рохи эчоди занчири арзиши иловашудаи пахта” ба имзо расониданд.

Тибки мукаррароти созишномаи имзошуда Иттиходи Аврупо ба Чумхурии Точикистон барои хавасмандгардонии бахши кишоварзи хамчун кувваи пешбарандаи рушди иктисодиёти “сабз” ва шугл тавассути технологияхои раками, фарохам овардани шароити мусоид барои рушди корхонахои хурду миёна ва навоварихо дар бахшхои алохида 19 миллиону 880 хазор евро маблаг чудо менамояд.

 

АКСХО: НИАТ”Ховар”