Барқарорсозии шабакаҳои барқӣ дар деҳаҳои аз сел зарардидаи ноҳияи Айнӣ идома дорад - ИА Караван Инфо
Барқарорсозии шабакаҳои барқӣ дар деҳаҳои аз сел зарардидаи ноҳияи Айнӣ идома дорад

Душанбе, 13 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пайи боришоти шадид ва фаромадани сел дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ, ки рӯзи 11 июл ба амал омад, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва барқарор намудани инфрасохтори осебдида идома доранд.

Сели азим ба хонаҳои истиқоматии сокинон, заминҳои кишоварзӣ, инчунин як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва зерсохторӣ зарари ҷиддӣ расонд. Дар натиҷаи офати табиӣ ба иншооти энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқи дорои шиддати 0,4 ва 10 киловолта, истгоҳҳои трансформаторӣ ва сутунҳои барқӣ осеб расида, таъминоти неруи барқ дар қисмате аз минтақаҳо муваққатан қатъ гардид.

Бо мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ ва барқарорсозии таъминоти барқ, бо дастури фаврии вазири энергетика ва захираҳои об роҳбарияти ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, раванди корҳои барқарорсозиро таҳти назорат гирифтанд.

Барои анҷом додани корҳои таъмиру барқарорсозӣ аз ҳисоби кормандони шабакаҳои барқии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис дода шуда, техника, таҷҳизот ва воситаҳои зарурӣ ба минтақаи осебдида равона гардиданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои фаврии андешидашуда, то имрӯз таъминоти неруи барқ дар 80 фоизи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида пурра барқарор карда шудааст.

Айни замон корҳои барқарорсозӣ дар қитъаҳои боқимонда идома дошта, масъулон барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои сел ва таъмини пурраи сокинон бо неруи барқ тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодаанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон