Душанбе, 11 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 9 майи соли 2026 ба муносибати Рӯзи Ғалаба ва дар доираи Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби аъзои маҳфили «Ватанпарвар»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои пойтахт аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни аксия ҷавонони ихтиёрӣ бо сокинон ва меҳмонони шаҳр суҳбатҳои самимӣ ва озод анҷом дода, онҳоро бо Иди Ғалаба табрику таҳният гуфтанд. Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва гиромидошти хотираи қаҳрамонони Ватан ба шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ ва рамзҳои идона тақдим карда шуданд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ иброз доштанд, ки ҳадафи асосии иқдом таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба корномаҳои таърихӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон ба ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдат мебошад.


Аксия дар фазои идона ва бо иштироки фаъоли ҷавонон баргузор гардида, ба сокинони пойтахт рӯҳияи болида ва таассуроти нек бахшид. Ба таъкиди масъулон, чунин чорабиниҳои маърифатӣ ва тарғиботӣ дар кӯчаву хиёбонҳо барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва муттаҳидсозии ҷавонон дар атрофи сиёсати созандаи давлат саҳми муҳим мегузоранд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
