Душанбе, 27 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 25 июли соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишер Навоӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Деваштич бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сокинону меҳмонон, намояндагони вазорату идораҳо ва доираҳои гуногуни ҷомеа дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқии дилнишин ва барномаи ҷолиби консертӣ идома ёфт.
Ҳамзамон, дар ҳошияи чорабинӣ гӯшаҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, дастовардҳои варзишгарон, инчунин маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Деваштич ташкил гардида, ба маърази тамошои сокинону меҳмонон гузошта шуданд.

Намоишгоҳ фарҳанги миллӣ, иқтидори истеҳсолӣ, анъанаҳои ҳунармандӣ ва дастовардҳои бахшҳои гуногуни ноҳияи Деваштичро муаррифӣ намуда, мавриди таваҷҷуҳи васеи иштирокчиёни чорабинӣ қарор гирифт.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони муассисаҳо ва сохторҳои зертобеи он фаъолона иштирок намуданд. Зимни иштирок табрикоти роҳбарияти Кумита ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони чорабинӣ расонида шуд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ба шумор рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои рушд ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳамзамон, аҳаммияти таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва саҳми ҷавонон дар рушди устувори кишвар махсус таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ ба тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги ғании халқи тоҷик, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши муассир мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич / НИАТ «Ховар»
