Душанбе, 07 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Парвати Рамасвами изҳор дошт, ки сармоягузорӣ ба таҳсилот дар соҳаҳои илм, технология, муҳандисӣ ва математика (СТЕМ) барои духтарон ва занон бозгашти баландтарин дошта, ба навоварӣ, рушди иқтисодӣ ва рушди устувор мусоидат мекунад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи лабораторияи СТЕМ, Ҳамоҳангсози доимии СММ аҳамияти ҳамкории қавӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО-ро таъкид намуд.
Ба гуфтаи ӯ, чунин шарикӣ дар пешбурди ислоҳоти соҳаи маориф ва густариши дастрасӣ ба дониш ва технологияҳои муосир, махсусан барои духтарон ва занон, нақши калидӣ мебозад.

Парвати Рамасвами зикр кард, ки таҳаввули низоми маориф ва гузариш ба таҳсилоти бар асоси салоҳиятҳо сармоягузории устувор, ӯҳдадориҳои дарозмуддат ва дастгирии доимии техникии шарикони байналмилалиро талаб мекунад.
Вай инчунин таъкид намуд, ки рушди самтҳои СТЕМ шарти муҳими омода намудани насли нави мутахассисон ва тақвияти иқтидори кишварҳо дар шароити тағйироти технологии ҷаҳонӣ мебошад.
АКС:United Nations in Tajikistan
