Душанбе, 02 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Бохтар 28 март чорабинии муҳими мудофиаи ҳудудӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор кормандони марбута ва мутахассисони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ тақвияти омодабошии ҷангӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар самти ҳифзи амният ва устувории давлат арзёбӣ шудааст.
Дар чорабинӣ Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, оид ба масъалаҳои муҳими таъмини амният ва устувории давлат суханронӣ карданд.

Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои чорабинӣ, иштирокдорон аҳамияти мудофиаи ҳудудиро ҳамчун яке аз самтҳои калидии таъмини амнияти миллӣ таъкид карданд. Ҳамзамон, онҳо ҷиҳати ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ барои таъмини субот ва устуворӣ дар кишвар омодагии худро изҳор намуданд.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, масъулини дахлдор ба як қатор шахсони фаъол рутбаҳои ҳарбӣ ва сипосномаҳо тақдим карданд, ки ин иқдоми мақомоти давлатӣ ба ҳавасмандкунии шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбӣ равона шудааст.

Таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо сатҳи омодабошии ҷангӣ ва ҳамоҳангсозии ниҳодҳои давлатӣ барои ҳифзи амниятро баланд мебардоранд, балки ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандонро дар самти ҳифзи давлат тақвият медиҳанд.
АКС: Сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
