Боистеъдодҳои ҷавони Қазоқистон саҳнаи афсонавии Carnegie Hall (Карнеги Холл) - ро забт намуданд - ИА Караван Инфо
Боистеъдодҳои ҷавони Қазоқистон саҳнаи афсонавии Carnegie Hall (Карнеги Холл) - ро забт намуданд

Остона, 19 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Мусиқидонони қазоқистон барандаи озмуни бонуфузи байналмилалии New York International Competition for Performing Arts (Ню-Йорк Интернэшнл Компетишн фор Перформинг Артс) 2026 шуданд, ки дар Ню-Йорк баргузор шуд.

Бо шарофати ҷоизаи махсус, иҷрокунандагони ҷавон имконият пайдо намуданд, ки дар саҳнаи Weill Recital Hall (Вайл Реситал Холл) дар Carnegie Hall (Карнеги Холл) яке аз маъруфтарин майдончаҳои консертии ҷаҳон баромад кунанд.

Дар озмун зиёда аз 50 нафар мусиқидорони кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Дар байни ғолибон – Анвар Массимов (фортепиано), Амели Маҳамбетҷон, Эвелина Азмзхонова ва Нуразхон Арланханули (вилон), Салима Жакупова (кларнет), инчунин Даниэл Азизхонов (саксофон).

Муваффақияти иҷрокунандагони қазоқистон натиҷаи меҳнати бисерсола, омодагии касбӣ ва садоқат ба санъат буд.

“Намоиш дар саҳнаи Carnegie Hall (Карнеги Холл) тасдиқи равшани сатҳи баланди мактаби мусиқии қазоқистон ва истеъдоди мусиқидорони ҷавони мо буд”, — қайд намуданд ташкилкунандагони озмун.

Аксҳо: Казинформ