Душанбе, 07 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 06 май аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино аз ҳавзаи интихоботии №18 Файзализода Саидвали Файзалӣ, бахшида ба таҷлили 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони ақибгоҳ баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом, ҳайати расмӣ аз ҷумла Ҳабибзода З.И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ҷӯрахонзода Ҷумахон – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар аёдат иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки хизмату ҷонбозиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаргиз фаромӯш намешаванд ва онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Зикр шуд, ки саҳми собиқадорон дар ҳифзи сулҳ ва озодӣ барои наслҳои имрӯза намунаи олии ватандӯстӣ ва фидокорист.

Зимни аёдат ба собиқадорон туҳфаҳои идона ва кӯмакҳои молиявӣ тақдим гардид. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром, арҷгузорӣ ва дастгирии доимии давлату ҷомеа ба насли қаҳрамонони ҷанг арзёбӣ карда шуд.
Чунин чорабиниҳо боз як бор аҳамияти нигоҳдории хотираи таърихӣ ва пос доштани хизматҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро таъкид менамоянд.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
