Душанбе, 14 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 80 ҳазору 627 нафар муроҷиат карданд.

Аз ин шумора 63 ҳазору 246 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 37 ҳазору 576 нафар расман мақоми бекор дода шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода хабар дод.
Ба гуфтаи вазир, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи муроҷиаткунандагон 1,4 фоиз ва шумораи шаҳрвандони расман ҳамчун бекор ба қайд гирифташуда 11,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 40 ҳазору 644 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки 56,5 фоизи нақшаи солонаи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, 1 ҳазору 120 нафар ба корҳои сохтмонии ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» ҷалб шуданд.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони бо кор таъминшуда, 25 ҳазору 534 нафар ба ҷойҳои кории холӣ, 4 ҳазору 825 нафар тибқи квотаҳо, 5 ҳазору 265 нафар тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, 3 ҳазору 764 нафар пас аз хатми марказҳои таълимӣ ва 1 ҳазору 256 нафар бо истифода аз қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳибкории хурд соҳиби шуғл гардиданд.
Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 101 ҳазору 874 нафар истифода бурдаанд. Аз 4 ҳазору 825 нафаре, ки аз рӯи квота бо кори доимӣ таъмин шуданд, 2 ҳазору 370 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Иҷрои ин нишондиҳанда ба 53,6 фоиз расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вазорат рушди муҳоҷирати муташаккили меҳнатӣ боқӣ мемонад. Ба иттилои вазир, аввалин шаҳрвандони Тоҷикистон аллакай барои иштирок дар барномаи дуалии Олмон, ки ҳамзамон таҳсил ва корро дар бар мегирад, шартномаҳои меҳнатӣ гирифтаанд. Зиёда аз 100 номзад ҳуҷҷат супорида, 50 нафар имтиҳони забони олмониро бомуваффақият супурдаанд ва шаш нафар аллакай шартномаи меҳнатӣ гирифта, барои сафар омодагӣ мебинанд.

Ҳамчунин, беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ фиристода шудаанд. Гурӯҳи навбатӣ дар моҳҳои август–сентябр дар Тоҷикистон имтиҳон месупорад. Ба Британияи Кабир бошад, дар доираи корҳои мавсимии кишоварзӣ 2 ҳазору 198 нафар сафарбар шудаанд.
Вазорати меҳнат ҳамзамон барои густариши ҳамкорӣ дар самти бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Ҷопон, Руминия, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн ва Булғористон низ фаъолона кор мебарад.
Дар нимсолаи аввал ба Федератсияи Россия 17 ҳазору 170 шаҳрванди Тоҷикистон ба таври муташаккилона барои фаъолияти меҳнатӣ фиристода шуданд. Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар бо беш аз 85 корфармои Россия ҳамкорӣ дошта, барои интихоби номзадҳо мунтазам мусоҳибаҳои онлайн баргузор менамояд.
Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи соли 2026 дар хориҷ аз кишвар 23 ҳазору 584 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз онҳо 22 ҳазору 761 нафар тавассути сохторҳои Вазорати меҳнат ба 16 давлати ҷаҳон сафарбар шудаанд. Ба маълумоти вазорат, шумораи шаҳрвандони ба таври муташаккилона ба хориҷ барои кор фиристодашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 баробар афзоиш ёфтааст.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
