БРСММ, JICA ва шарикони ҳукуматӣ натиҷаҳои лоиҳаи таҳкими идоракунии сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ҷамъбаст намуданд - ИА Караван Инфо
БРСММ, JICA ва шарикони ҳукуматӣ натиҷаҳои лоиҳаи таҳкими идоракунии сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ҷамъбаст намуданд

Душанбе, 3 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Барқарорсозии инфрасохтори сарҳадӣ, беҳтар намудани шароити тиҷорат ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ ба баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои наздисарҳадӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ мусоидат мекунанд.

Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи идоракунии сарҳадро баргузор намуд. Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Сафорати Ҷопон, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ва БРСММ натиҷаҳои бадастомадаро баррасӣ намуда, афзалиятҳои минбаъдаро муҳокима карданд.

Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон тавассути намояндагии JICA дар Тоҷикистон маблағгузорӣ гардид. Хусусияти фарқкунандаи он татбиқи равишест, ки ба принсипҳои амнияти инсонӣ асос ёфтааст: таҳкими ҳифзи сарҳад дар робитаи зич бо рушди инфрасохтор, дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, тиҷорати қонунии фаромарзӣ ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои маҳаллӣ баррасӣ гардид.

Дар доираи лоиҳа барои барқарорсозии инфрасохтори сарҳадӣ, беҳтар намудани шароит дар бозорҳои фаромарзӣ, таҳкими низомҳои назорат ва назорати гумрукӣ мусоидат карда шуд. Илова бар ин, таҳвили таҷҳизоти махсус, омодасозии касбии кормандон, мусоидат ба содагардонии расмиёти тиҷоратӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ гардид.

Ба фароҳам овардани шароити мусоидтар барои тиҷорати қонунӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Беҳтар намудани инфрасохтори бозорҳои наздисарҳадӣ ва дастгирии механизмҳои тиҷоратӣ ба ҳифзи робитаҳои иқтисодӣ ва васеъ гардидани имкониятҳои даромаднокӣ барои сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии ҳар ду кишвар мусоидат намуданд.

Татбиқи лоиҳа инчунин ба беҳтар намудани дастрасӣ ба об ва неруи барқ дар иншооти сарҳадӣ равона гардидааст. Дар маҷмӯъ, ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тақвияти фаъолияти иқтисодӣ ва устувории ҷомеаҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои қад-қади сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нигаронида шудаанд.

Акс: БРСММ дар Тоҷикистон (UNDP in Tajikistan)