Чор медали тилло барои Тоҷикистон: хонандаи Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар Австралия ба пирӯзии бузург ноил шуд - ИА Караван Инфо
Чор медали тилло барои Тоҷикистон: хонандаи Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар Австралия ба пирӯзии бузург ноил шуд

Душанбе, 17 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон пайваста дар арсаи ҷаҳонии маориф қобилияти худро бо дастовардҳои назаррас собит менамоянд.

Хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Хуҷанд Зафарҷон Раупов дар ду озмуни бонуфузи байналмилалии зеҳнӣ, ки дар Австралия баргузор гардиданд, бо ба даст овардани чор медали тилло ба яке аз муваффақиятҳои барҷастаи низоми маорифи кишвар ноил шуд. Ин пирӯзӣ бори дигар иқтидори баланди хонандагони тоҷик ва самаранокии сиёсати дастгирии ҷавонони лаёқатмандро дар ҷумҳурӣ собит намуд.

Тавре дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, Зафарҷон Раупов Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ду олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ ва байниқитъавӣ — UniCEP JEO-SEO ва XCEL International Competitions, ки моҳҳои апрел ва июли соли 2026 дар Австралия баргузор гардиданд, бо сари баланд намояндагӣ кард. Дар ин мусобиқаҳои зеҳнӣ намояндагони 55 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои дорои низоми пешрафтаи маориф, иштирок намуданд.

Хонандаи тоҷик аз рӯи ду фан — забони англисӣ ва математика — қувваозмоӣ намуда, ягона намояндаи Тоҷикистон гардид, ки дар ҳар ду олимпиада аз ҳар кадом ду медали тилло ба даст овард.

Дар маҷмӯъ, Зафарҷон Раупов соҳиби чор медали тилло гардид: ду медали тилло аз фанни забони англисӣ ва ду медали тилло аз фанни математика. Ин натиҷа яке аз дастовардҳои назарраси хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалии соли ҷорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми бозгашт ба Ватан ғолибро дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, роҳбарияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон, падару модарон, пайвандон ва ҳамсабақонаш бо тантана истиқбол гирифтанд.

Ба андешаи мутахассисон, ин пирӯзӣ аз болоравии сатҳи омодагии хонандагони Тоҷикистон ва рақобатпазир гардидани низоми маорифи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Чунин дастовардҳо обрӯи Тоҷикистонро дар фазои ҷаҳонии маориф таҳким бахшида, барои насли ҷавон намунаи ибрат ва ангезаи ҷиддӣ ҷиҳати расидан ба қуллаҳои нави илму дониш мебошанд.

Дар низоми маорифи ҷумҳурӣ ба рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дастгирии давлатии хонандагони лаёқатманд, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои гирифтани таҳсилоти босифат ҳамчун самтҳои муҳими ташаккули захираҳои кадрии ояндаи кишвар арзёбӣ мешаванд.

Пирӯзии Зафарҷон Раупов на танҳо боиси ифтихори шаҳри Хуҷанд, балки тамоми Тоҷикистон гардид. Ин дастовард бори дигар нишон дод, ки ҷавонони боистеъдоди кишвар қодиранд Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бонуфузтарин майдонҳои байналмилалӣ бо сарбаландӣ намояндагӣ намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд парафшон созанд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд