Дар қаторҳои мусофиркашони Қазоқистон минтақаи интернети моҳвораӣ васеъ намуда мешавад - ИА Караван Инфо
Дар қаторҳои мусофиркашони Қазоқистон минтақаи интернети моҳвораӣ васеъ намуда мешавад

Остона, 22 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазорати нақлиёт ба қаторҳои мусофирбарӣ интернети моҳвораӣ таъмин мекунад. Имрӯз дастрасӣ ба шабака аллакай дар хатсайрҳои Кизилорда – Павлодар, Жезказган – Остона, Остона- Семей, Алмаато – Достик ва Кизилорда – Кокшетау таъмин намуда шудааст.

Алоқаи моҳвораӣ ҳатто дар ҷойҳое, ки фарогирии операторони мобилӣ вуҷуд надорад, дастрасии устуворро таъмин мекунад. Мусофирон метавонанд қариб дар тамоми роҳ аз паемрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва хидматҳои корӣ истифода баранд. Барои пайвастшавӣ, бояд шабакаи Wi-Fi (вай-фай) – ро дар қатора интихоб каод ва аз авторизатсия гузашт. Дастрасии ройгон имкон медиҳад, ки паёмҳои матниро дар паёмнависон мубодила кард. Тарофаи пулакӣ дастрасии пурра ба ҳама захираҳои интернетӣ ва хидматҳои видеоиро мекушояд.

Дар натиҷаи машварат ба интиқолдиҳандагон супориш дода шуд, ки корҳоро суръат бахшанд ва таҷҳизоти ҳамаи қаторҳоро то охири сол ба анҷом расонанд. Вазорат қайд намуд, ки рақамисозии нақлиёт барои баланд бардоштани бароҳатии мусофирон афзалият боқӣ мемонад.

Аксҳо: Вазорати нақлиети ҶҚ