Сухторхои чангал дар саросари Аврупо идома дорад, зарари чидди мерасонанд ва боиси эвакуатсияи сокинон мешаванд. Дар Португалия дар ду хафтаи охир оташ 3,5 хазор гектар чангалро хароб намуд, ки ин нишондихандаи рекордии зарари имсола буд.

Дар Архипелаги Мадейра вазъ вазнин боки мемонад: сухтор се чабхаро фаро гирифт ва ба махалхои ахолинишин расид, ки на камтар аз 160 нафарро мачбур намуд, ки эвакуатсия кунанд. Президенти Хукумати минтакавии Мадейра Мигел Албукерке кайд намуд, ки шамоли сахт, харорати баланд ва намии паст мубориза бо оташро хеле мушкил мекунад. Даххо оташнишонхо аз материк ба чазира фиристода шуданд, то дар рафъи сухторхо кумак кунанд.
Дар Чанубу гарби Фаронса дар департаменти Эро 350 гектар чангали ангур оташ гирифт. Сухтор сайёхонро мачбур намуд, ки корвонхо ва хаймахои худро эвакуатсия кунанд, аммо макомот хабар доданд, ки оташро тахти назорат гирифта, хомуш намуданд.
Ин сухторхо идомаи офатхои чангал буданд, ки аллакай ба Юнон, Албания ва Италия таъсир расонданд. Дар ин кишвархо, пас аз чанд хафтаи мубориза бо аланга, вазъро идора намудан муяссар шуд. Кишвархои аврупо бо таъсири гармии рекорди ва сухторхои зуд-зуд, ки бо тагйирёбии иклим ва фаъолияти инсон афзоиш меёбанд, ру ба ру мешаванд.
Аксхо: аз шабакахои ичтимои Préfet de l’hérault