ئه‌یلول 2024 – ИА Караван Инфо

Раиси парлумони Тоҷикистон Матвиенкоро бо интихоби ба мақоми Раиси Шӯрои Федератсияи Русия табрик кард

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Валентина Матвиенкоро бо дубора интихоб шуданаш ба мансаби раиси Шӯрои Федератсияи Русия табрик намуд. Ӯ таъкид кард, ки интихоб шудани Матвиенко ба ин вазифаи баланд ифодаи эътимоди мардуми Русия ба шахси ӯ мебошад. «Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ҷонибдори устувори рушди муносибатҳои...

«Тоҷик Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз менамояд

Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» шуруъ аз 30 сентябри соли 2024 парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз менамояд. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода иттилоъ дод, парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе ҳафтае се маротиба: рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймои АН-28 анҷом дода мешаванд. Нархи чипта дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе...

10 даста аз Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон оид ба забони русӣ ширкат хоҳанд кард

Мактаббачагон ва донишҷӯен аз Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Конибодом ва Хистеварз  дар аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба забони русӣ ширкат хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ, 10 даста ба озмун муроҷиат карданд, ки ҳар кадоми онҳо кӯдакони 16-22 сола доранд. Тавре ки ташкилкунандагони чемпионат гуфтанд, ҳар як дастаи панҷнафара бояд дар квизҳо, баҳсҳо,...

Президенти Тоҷикистон ба марҳилаи нави корҳо дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз бахшид

27 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташриф оварданд 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ...

Қабули тантанавӣ дар Душанбе бахшида ба 75-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин

27 сентябри соли 2024 дар тарабхонаи «Кохи Порфенон» дар шаҳри Душанбе қабули тантанавӣ баргузор гардид, ки онро Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон бахшида ба 75-солагии таъсисёбии ҶМЧ ташкил кард. Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, корпуси дипломатӣ, соҳибкорон, шаҳрвандони чинӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, инчунин намояндагони ВАО иштирок...

Дар Тоҷикистон сатҳи гирифторшавӣ ба ин беморӣ 39 фоиз ва фавт 80 фоиз кам шуд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаи шарикии боз доштани бемории сил, ки дар доираи вохӯрии сатҳи баланд оид ба барномаи зидди бемории сил баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорат хабар дод. Гуфта...

Намояндагони Тоҷикистон масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро дар Алмато баррасӣ намуданд

Масъалаи вазъи  нашъамандӣ дар минтақа  зимни ҳамоиш дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ шуд. Тавре дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар  Алмато оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот байни мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар масири шимолӣ чорабинӣ доир гашт, ки ...

Дар Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Минтақаҳои рушд» гузашта истодааст

Дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Минтақаҳои рушд» гузашта истодааст.  Тавре аз хадамоти  матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, чорабинӣ рӯзи 25 сентябр ба кори худ оғоз карда, то 2 октябри соли 2024 идома хоҳад ёфт. Дар ин ҳамоиш беш аз панҷоҳ нафар намояндагони иттиҳодияҳои ҷавонон...

Ҳайати вилояти Хатлони  ба вилояти Сурхондарёи  Ӯзбекистон ташриф овард

Ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид 26 сентябр, ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварда, оид ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи таҷриба карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод. Аъзои ҳайати вилояти Хатлон бо раиси вилояти Сурхондарё Қосимов...

Дар Душанбе чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад

Аз 2 то 6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад, хабар медиҳад Федератсияи байналимилалии ҷудо. Дар чемпионат варзишгарони то 21-сола имкони иштирок кардан доранд. То имрӯз барои иштирок дар чемпионат 539 варзишгар (292 мард, 247 зан) аз 67 давлат номнавис...

Операи “Рудакӣ” дар Хуҷанд муаррифӣ шуд

Шаби 22 сентябр дар маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" операи "Рудакӣ" бо иштироки ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба намоиш гузошта шуд. Операи Шарофиддин Саидфиддинов "Рудакӣ" ба 33-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, Рӯзи Рудакӣ ва 95-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ғолиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ, поягузори...

Акцияи экологӣ бо номи “Тозагии соҳил” дар соҳили ростӣ дарёи Душанбинка баргузор шуд

Ба ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳили ростӣ дарёи Душанбинка, акцияи экологӣ бо номи "Тозагии соҳил" баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Кумита барои таъмини тозагии муҳити зист, бахусус дар масъалаи аз байн бурдани шишаҳои пластикӣ, бо ҳамаи ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста...

error: