Остона, 11 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон 328 лоиҳаи сармоягузории сайёҳӣ ба маблағи тақрибан 1,3 триллион тенге амалӣ намуда мешавад. Дар ин бора вазири сайёҳӣ ва варзиш Ербол Мурзабосинов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, рушди сайёҳӣ бевосита бо ҷалби сармояи калон ва бунёди инфрасохтори муосир алоқаманд аст.
“Имрӯз дар кишвар лоиҳаҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд, ки имкон медиҳанд, ки тақрибан 10 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ таъсис дода шаванд ва соҳаи сайёҳӣ ба сатҳи нав бароварда шавад”, — қайд намуд вазир.
То охири соли 2027 Қазоқистон нақша дорад, ки 25 меҳмонхонаи байналмилалӣ, аз ҷумла Hilton (Хилтон) дар Шимкент ва Marriott (Марриотт) дар Конаев боз кунад. Инчунин ба кор андохтани маҷмааи осоҳишгоҳу фарогатии «Жибек Жоли» дар назар аст.
Дар охири соли 2025 даромади буҷет аз сайёҳӣ ба 630 миллиард тенге расид ва сайёҳони хориҷӣ дар кишвар 2,9 миллиард доллар харҷ кардаанд. Илова бар ин, Қазоқистон дар раддабандии ҷаҳонии сайёҳӣ аз зинаи 66 ба 52-юм баромад.
Акс: ЗС – АИ Караван Инфо
