Душанбе, 2 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати «Барс» дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхона бо хатҳои муосири технологӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвои калон ва майда, паранда ва моҳӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори лоиҳавии он дар як сол 37 ҳазору 440 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Барои нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёр дар ҳудуди корхона даҳ анбор сохта шудааст.
Иншоот бо истифода аз конструксияҳои металлӣ ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардида, бо оғози фаъолият тақрибан 70 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Маҳсулот бо назардошти талаботи намудҳои гуногуни чорво ва паранда ва риояи меъёрҳои муқарраршуда таҳия шуда, бо тамғаи «Эко комбикорм» ба бозор пешниҳод мегардад. Хатҳои технологии насли нав бо сарфаи неруи барқ фарқ мекунанд. Истеҳсолот инчунин аз рӯи принсипи бе партов ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи 100 миллион доллар хӯроки омехтаи чорво ва паранда ворид карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, талаботи солонаи бозори дохилӣ ба ин маҳсулот 450 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад. Бо дарназардошти ин омил, Президенти кишвар дастур дод, ки истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда дар дохили мамлакат ба таври назаррас зиёд карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бунёди чунин корхонаҳои муосир барои татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат, тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.
Сипас Сарвари давлат бо маҳсулоти корхонаҳои дигари ширкати «Барс» шинос шуд. Дар намоишгоҳ сабзавот, равғани пахта ва офтобпараст, маҳсулоти макаронӣ, маргарин, нӯшокиҳо, хӯроки омехтаи чорво ва паранда ва дигар молҳои истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ корхонаи коркарди биринҷи ҶДММ «Агротрейдинг»-ро дар шаҳри Бӯстон ифтитоҳ кард. Иншоот бо иштироки соҳибкорони маҳаллӣ Мирзомубин Қодиров, Мирзомуким Қодиров, Ҳафиза Содиқова ва Муҳайё Қодирова бунёд шудааст.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол 24 ҳазор тонна биринҷи коркардшавандаро ташкил дода, дар он 40 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ба истифода додани чунин корхонаҳо ба рушди саноати коркард, истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
