Душанбе, 11 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Чорабинӣ ба арҷгузорӣ ба заҳмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми онҳо дар таъмини амнияту суботи кишвар бахшида шуд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни суханронии худ таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи милитсия нишонаи эҳтироми мардум нисбат ба хизматҳои содиқонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
«Ҷашн гирифтани ин рӯз далели эътирофи нақши баланди милитсияи тоҷик дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ ғамхорӣ менамоянд», — гуфт Раиси вилоят.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ Рустам Шафизода зикр намуд, ки аз рӯзи таъсиси милитсияи тоҷик кормандони он дар сафи пеши таъмини тартибот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қарор дошта, бо садоқат вазифаи касбии худро иҷро менамоянд.
Дар анҷоми ҳамоиш як қатор кормандон бо Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилӣ, медалҳо, рутбаҳои навбатӣ, ҳамчунин Ифтихорномаи Раиси ВМКБ ва Раёсати ВКД дар вилоят сарфароз гардонида шуданд. Ба собиқадорон низ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилоят ба чорабинӣ руҳияи идона бахшид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
