Дар доираи Раванди оби Душанбе барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардид – ИА Караван Инфо
Дар доираи Раванди оби Душанбе барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардид

Душанбе, 21 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Тибқи анъанаи муқарраршуда, дар рӯзи охирини чорабиниҳо барои иштирокчиёни Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» саёҳатҳо дар шаҳри Душанбе, дараҳои Ромит ва Сиёма, пойгоҳи лижаронии «Сафеддара», Қалъаи Ҳисор, инчунин шиносоӣ бо фаъолияти неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Роғун» ташкил карда мешаванд.

Тавре аз Котиботи конфронс хабар доданд, чорабиниҳои Раванди оби Душанбе на танҳо ба баррасии масъалаҳои мубрами захираҳои об, балки ба муаррифии мероси табиӣ ва фарҳангии Тоҷикистон низ равона шудаанд. Дар доираи конфронс иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки бо гӯшаҳои гуногуни кишвар аз наздик шинос шаванд.

Котиботи Конфронси чоруми оби Душанбе аллакай дар сомонаи расмӣ ҳамаи маълумоти заруриро оид ба ҳар як хатсайр, инчунин аксҳои мавзеъҳои ҷолиб ҷойгир намудааст. Ин ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки хатсайри дилхоҳро интихоб намуда, барои иштирок сабти ном кунанд.

Чунин барномаҳои фарҳангиву сайёҳӣ ба меҳмонон имкон медиҳанд, ки на танҳо Тоҷикистонро беҳтар бишносанд, балки гуногунрангии табиат ва ҷозибаи сайёҳии кишварро ба таври воқеӣ эҳсос намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бояд зикр кард, ки аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе се конфронси байналмилалии сатҳи баланд — дар солҳои 2018, 2022 ва 2024 — баргузор гардидаанд. Ин силсилаи конфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтааст, ба як майдони устувор барои баррасии масъалаҳои марбут ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст.

АКС: Котиботи конференсия 

error: