Душанбе, 09 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино чорабинии тантанавӣ бахшида ба 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941–1945 баргузор гардид. Маросими идона роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, собиқадорони ҷангу меҳнат ва меҳмонони фахриро гирди ҳам овард.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт ва сипас ба хотири шаҳидони ҷанг лаҳзаи хомӯшӣ эълон шуд. Дар суханронии ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён Зарина Асрор аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони миллат дар солҳои ҷанг ёдовар шуда, таъкид кард, ки гиромидошти хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад.
Дар чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин меҳмонони фахрӣ — роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон А. В. Патрушев, менеҷери барномаҳои соҳаи маорифи намояндагии мазкур И. Русланович ва ҷонишини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Б. Ғоибов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш ба як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат дар фазои тантанавӣ мукофотпулӣ ва сипосномаҳо тақдим гардиданд.

Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии «Шифо» ба анҷоми чорабинӣ шукуҳу таровати хос бахшид. Сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба муҳити идона мазмуни бештар дода, хотираи насли ғолибонро арҷ гузоштанд.
Чорабинӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон як бахши муҳим аз силсилаи чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба буд ва бори дигар таъкид кард, ки дар Тоҷикистон хотираи таърихӣ на танҳо поси гузашта, балки василаи муҳими тарбияи насли нав ба ҳисоб меравад.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
