Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид

Душанбе, 21 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид, ки донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳ, инчунин намояндагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро ба ҳам овард.

Чорабинӣ ҳамчун майдони шиносоии ҷавонон бо имкониятҳои рушди касбӣ дар соҳаи таъминоти об ва беҳдошт, инчунин барои муоширати мустақими онҳо бо намояндагони ташкилоту корхонаҳои соҳаи об хизмат намуд.

Ҳадафи асосии ярмарка баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба фаъолияти касбӣ дар соҳаи об ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамкории мутахассисони оянда бо корфармоён буд. Дар чорабинӣ корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳа иштирок намуда, маълумотро оид ба ҷойҳои кории холӣ, имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ ва дурнамои рушди касбӣ пешниҳод карданд.

Иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки бо самтҳои талаботи бозори меҳнат шинос шаванд, машваратҳои мутахассисонро гиранд ва робитаҳои аввалини касбиро барқарор намоянд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба ташаккули шавқи устувори ҷавонон ба соҳаи об, рушди малакаҳои касбӣ ва омодасозии насли нави мутахассисон мусоидат менамояд, ки дар оянда дар рушди низоми таъмини об, беҳдошт ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.

Ярмаркаи ҷойҳои корӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар доираи барномаи фарогири «Ҷалби ҷавонон ба соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ тавассути шарикӣ, омӯзиш ва имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ», ки дар доираи Лоиҳаи сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон (WSIP-1) амалӣ мегардад, ташкил карда шуд.

Акс: Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист / Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд

error: