Дар Душанбе ҷаласа оид ба омодасозии лоиҳаи минтақавии ҳамкории обӣ баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе ҷаласа оид ба омодасозии лоиҳаи минтақавии ҳамкории обӣ баргузор гардид

Душанбе, 21 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар аввали ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал (EC IFAS) дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаласаи чоруми Гурӯҳи кориро оид ба омодасозии Лоиҳаи минтақавии баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва ҳамкорӣ баргузор намуд.

Омодасозии ин лоиҳа бо дастгирии Барномаи ҳамкории об ва энергетика дар Осиёи Марказӣ (CAWEP) -и Бонки Ҷаҳонӣ ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир ва Швейтсария амалӣ мегардад.

Ин ташаббус натиҷаи талошҳои муштарак буда, намояндагони Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал (EC IFAS), вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва захираҳои оби чор кишвари Осиёи Марказӣ, инчунин гурӯҳи Бонки Ҷаҳониро дар бар мегирад.

Ҳадафи асосии лоиҳа таҳкими идоракунии минтақавии захираҳои об бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Дар доираи лоиҳа дастгирии самтҳои зерин пешбинӣ шудааст:

  • таҳлилҳо ва таҳқиқоти асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ барои лоиҳаҳои обӣ дар низомҳои фаромарзӣ;
  • беҳтарсозии мониторинги захираҳои об ва низомҳои иттилоотии минтақавӣ;
  • дастгирии ниҳодҳои минтақавӣ ва рушди иқтидори мутахассисону муҳаққиқони соҳаи об дар Осиёи Марказӣ.

Ин лоиҳа ҳамчунин ба барномаи минтақавии баланд бардоштани самаранокии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ҷанбаи минтақавӣ зам мекунад. Барномаи мазкур ташаббуси бисёрмарҳилавӣ буда, аз ҷониби Шӯрои директорони Бонки Ҷаҳонӣ моҳи майи соли 2025 тасдиқ гардидааст ва як қатор лоиҳаҳои миллиро низ дар бар мегирад.

АКС: гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ

error: