Душанбе, 21 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Тибқи дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид.

Дар ҷаласа Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, муовинони раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин масъалаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Комиссия оид ба мақоми зан дар СММ барои солҳои 2027–2031 баррасӣ гардид. Дар ин замина аз ҷониби намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила ва сохтори «ООН-Занон» маълумоти дахлдор пешниҳод шуда, зарурати ҳамкории устувори байниидоравӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд таъкид гардид.
Иштирокчиёни ҷаласа ба таҳкими ҳамоҳангсозии байни сохторҳои давлатӣ, густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандони соҳаи тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти иҷтимоӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Инчунин масъалаҳои густариши корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа, ҷалби ҷавонон, мардон ва ходимони дин ба пешгирии зӯроварии гендерӣ ва ташаккули меъёрҳои мусбати иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон ва таҳкими оилаи солим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва тавсеаи чораҳои пешгирикунанда дар самти мубориза бо зӯроварӣ дар оила изҳор намуданд.
АКС: Хазинаи нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) дар шаҳри Душанбе
