Дар Душанбе ба хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дипломҳо супорида шуданд - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе ба хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дипломҳо супорида шуданд

Душанбе, 13 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов баргузор гардид.

 Ин чорабинӣ намояндагони ҳайати дипломатӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии Россия, аҳли ҷомеа ва волидони хатмкунандагонро гирд оварда, боз як намунаи равшани таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Федератсияи Россия дар соҳаи маориф гардид.

Маросими тантанавии супоридани дипломҳо рӯзи 11 июл дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар чорабинӣ кормандони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Россия дар Душанбе, намояндагони сохторҳои ҷамъиятӣ, ҳайати омӯзгорон, инчунин падару модарон ва наздикони хатмкунандагон ҳамчун меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Соли 2026 филиали донишгоҳро 107 нафар донишҷӯ хатм карданд, ки аз ин шумора 15 нафар бо дипломи аъло сарфароз гардида, сатҳи баланди дониш, омодагии касбӣ ва дастовардҳои таълимии худро собит намуданд.

Зимни маросим хатмкунандагон бо анҷоми бомуваффақияти таҳсил табрик гуфта шуда, ба онҳо дар фаъолияти касбӣ, такмили минбаъдаи дониш ва саҳмгузории арзанда дар рушди илм, маориф ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт барору комёбиҳо орзу гардид.

Ба фазои идонаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии «М-Сириус» омода гардида буд, ҳусни тоза бахшид. Суруд ва барномаҳои ҳунарӣ анҷомбахши яке аз марҳилаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷавононе гардиданд, ки акнун ба фаъолияти мустақили касбӣ қадам мегузоранд.

Омодасозии мутахассисони соҳибихтисос дар заминаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тайи солҳои зиёд яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, ба рушди иқтидори илмӣ, густариши мубодилаи академӣ ва таҳкими робитаҳои гуманитарии байни ду кишвар мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон