Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ғалаба консерти идона баргузор мешавад: дар саҳна ҳунармандони Тоҷикистону Русия ҳунарнамоӣ мекунанд – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ғалаба консерти идона баргузор мешавад: дар саҳна ҳунармандони Тоҷикистону Русия ҳунарнамоӣ мекунанд

Душанбе, 09 май, – АИ «Корвон Иттилоот».  9 май дар майдони 800-солагии Маскав дар шаҳри Душанбе консерти идона таҳти унвони «Ғалаба 9/45. Тоҷикистон ва Русия: аберагони ғолибон» баргузор мегардад, ки ба Рӯзи Ғалаба ва дӯстии таърихии халқҳои ду кишвар бахшида шудааст.

Барномаи мусиқӣ ва ватандӯстона гурӯҳҳои эҷодӣ, сарояндагони ҷавон ва ҳунармандонро муттаҳид намуда, ба хотираи насли ғолибон ва пайванди наслҳо бахшида мешавад.

Дар назди тамошобинон оркестри нафасии «Садои Душанбе», дастаи таблнавозони «Меҳтариён», гурӯҳи «Вовремя», ансамбли New Era Dance Studio, инчунин иштирокчиёни саҳнаҳои театрӣ ва иҷрокунандагони сурудҳои солҳои ҷанг ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, барномаи консерт унсурҳои муосири мусиқиро бо асарҳои марбут ба давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайваст месозад.

Меҳмонони махсуси чорабинӣ Zebo х NO, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Сафармуҳаммад Рустам, Мубориз Усмонов ва Фаррух Ҳасанов хоҳанд буд.

Консерт соати 18:00 дар майдони 800-солагии Маскав, дар назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз мегардад. Вуруд барои сокинон ва меҳмонони пойтахт ройгон аст.

Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ на танҳо фазои идона, балки василаи муколамаи ҷамъиятӣ дар бораи хотира, сулҳ ва мероси таърихӣ мебошанд, ки то имрӯз наслҳоро ба ҳам мепайванданд.

Консерт бо дастгирии Хонаи Русияи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

АКС: Хонаи Русияи дар шаҳри Душанбе

error: