Душанбе, 05 август, – АИ «Корвон Иттилоот». 4 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласа оид ба муаррифии «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» баргузор шуд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, Фонди байналмилалии асъор ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Раҳимзода ва муовини Раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солеҳзода «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030»-ро муаррифӣ намуданд.
Ҳадафи асосии барнома ташкили низоми муосир, шаффоф ва самараноки маъмурикунонии андоз мебошад. Он иҷрои ихтиёрии уҳдадориҳои андозиро аз ҷониби андозсупорандагон осон намуда, ҳамзамон имкониятҳои мақомоти андозро барои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат тақвият мебахшад.
Дар доираи татбиқи барнома рақамикунонии пурраи равандҳои маъмурикунонии андоз, густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, боз ҳам сода ва сабук намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, коҳиш додани тамоси мустақим байни корманди андоз ва андозсупоранда, рушди хизматрасониҳои фосилавӣ, тақвияти идоракунии хавфҳо, истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва ташкили табодули электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид шуд, ки солҳои охир номгӯи модулҳои барномавии Системаи иттилоотии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз васеъ карда шуда, тавассути ин модулҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то ин ҷониб зиёда аз 50 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шуда, беш аз 60 хизматрасонии электронии андозӣ ҷорӣ карда шудааст.
Яке аз натиҷаҳои муҳими барнома густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ мебошад. Ин тадбир боиси сарфаи вақт ва кам шудани хароҷоти шаҳрвандон ва андозсупорандагон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои андозӣ гардида, сифати хизматрасониҳоро беҳтар месозад. Ҳамчунин интизор меравад, ки бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва низоми идоракунии хавфҳо сифати идоракунии захираҳои андоз хубтар гардида, самаранокии ҷамъоварии андоз баланд бардошта шавад.
Дигар натиҷаҳои назарраси барнома васеъ гардидани манбаъҳои андозбандӣ, афзоиши воридоти андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, таҳкими эътимоди шаҳрвандону андозсупорандагон ва ҷомеа ба мақомоти андоз ва кам гардидани ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ мебошанд.

16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030»-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.
Сарвари давлат ҳамзамон вазорату идораҳоро вазифадор карданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар ҷаласа намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд ва Фонди байналмилалии асъор суханронӣ карданд. Инчунин намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ оид ба барнома фикру мулоҳизаҳо баён намуда, пешниҳодҳо манзур карданд.
Татбиқи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» ба таҳкими устувории молияи давлатӣ, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, ташаккули низоми муосир ва рақамии маъмурикунонии андоз, инчунин рушди дониш, малака ва сатҳи касбияти кормандони мақомоти андоз мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти идомаи ислоҳот «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030»-ро қабул намуд.
АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
