Душанбе, 18 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 17 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Чорабинии оммавии варзишӣ бори дигар ба як ҳамоиши муҳими иҷтимоӣ ва варзишӣ табдил ёфта, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, варзишгарон ва сокинони пойтахтро гирди ҳам овард.
Дар Дави миллии имсола кормандони вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, инчунин доираи васеи ҷавонон, варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз оғоз чорабинӣ на танҳо хусусияти варзишӣ, балки аҳамияти баланди иҷтимоӣ ва рамзӣ касб намуда, нақши муҳимми варзишро дар ҳаёти ҷомеа нишон дод.
Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифи Бахтиёр ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуда, барои ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон изҳори сипос карданд.
Зикр шуд, ки дар солҳои охир саҳми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон хеле назаррас мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббус ва пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол имрӯз дар саросари ҷаҳон бо шукуҳ таҷлил мегардад.


Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат аз соли 2007 инҷониб ҳар сол рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май баргузор мешавад ва шумораи иштирокчиёни он сол аз сол афзоиш меёбад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегарданд.


Тибқи маълумот, дар Дави миллӣ беш аз 32 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ зиёда аз 400 нафар иштирок намуданд.
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ имсол низ аз собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ оғоз гардида, дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
