Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд

Душанбе, 22 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Дар пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар доираи иҷрои банди 29 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570, инчунин қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, дар фазои тантанавӣ ҷараён гирифт. Дар озмун ҳунармандони моҳир аз чор ноҳияи пойтахт ҳузур доштанд.

Озмун мувофиқи «Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021–2025» амалӣ мегардад ва ҳадафи он ҳифз ва тарғиби мероси ғайримоддии фарҳангӣ, парвариши зебопарастӣ ва худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи суннатҳои волои аҷдодӣ мебошад. Дар доираи озмун таҷрибаи ҳунармандони пешсаф тарғиб шуда, гуногуннавъии маҳсулоти дастӣ ба намоиш гузошта мешавад ва фаъолияти ҳунармандони ватанӣ рӯҳбаланд гардонида мешавад.

Таъкид шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар эҳё гардида, рушду густариши тоза касб намудаанд. Хунармандон аз як қатор андозҳо озод шуда, барои онҳо ва соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ гардидааст, ки ин ба рушди касбу ҳунар такони ҷиддӣ бахшид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо ва ҳунармандони варзидаи шаҳр иштирок доштанд. Пеш аз оғози бахши асосӣ меҳмонон аз намоиши ҳунари ҳунармандони чор ноҳияи пойтахт боздид намуда, ба маҳорати баланд ва дастоварди онҳо баҳои муносиб доданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе, Меҳриддин Тоҳирзода дар суханронии худ изҳор дошт, ки баргузории озмун ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст.

Дар анҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипосномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Чорабинӣ бо барномаи рангоранги фарҳангӣ поён ёфт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

error: