Душанбе, 28 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 26 октябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид. Фестивал аз 21 то 26 октябр доир шуд ва дар он ҳунармандони Тоҷикистон, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни фестивал ҳунармандон маҳорати касбӣ, таҷрибаи эҷодӣ ва дастовардҳои санъати театрии худро муаррифӣ карданд. Фестивали «Чодари хаёл» барои таҳкими робитаҳои фарҳангии байни давлатҳо, табодули таҷрибаи касбӣ ва рушди ҳамкории эҷодӣ байни театрҳои лӯхтак заминаи мусоид фароҳам овард. Ин чорабинӣ на танҳо ҷашни ҳунар, балки василаи муҳими рушди ҳамкории фарҳангӣ аст.
Баргузории фестивал ба коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомони Тоҷикистон имкон дод, ки бо таҷрибаи ҳамкасбони хориҷӣ аз наздик шинос шаванд ва маҳорати касбии худро тавассути вохӯриҳо ва маҳфилҳои омӯзишӣ баланд бардоранд.
Ба гуфтаи иштирокдорон, театрҳои лӯхтак воситаи асосии ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ахлоқии кӯдакон мебошанд. Намоишҳои сатҳи баланд ба кӯдакони тоҷик дарки зебоӣ, дӯстӣ ва арзишҳои инсониро меомӯзонанд. Ҳамчунин фестивал имконияти хубест барои ба намоиш гузоштани афсонаҳо, анъанаҳо ва ҳунари театрии тоҷик ба меҳмонони хориҷӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ.
Омадани ҳунармандон аз давлатҳои гуногун ҳамкории фарҳангиро мустаҳкам мекунад ва ба густариши дӯстии байни мамлакатҳо мусоидат менамояд.
Муовини директори Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Ҷӯрахон Сафаров иброз дошт, ки дар ифтитоҳи ҷашнвора ҳунармандони театри онҳо намоиши «Роҳе, ки мо ба ёд дорем»-ро пешниҳод карданд. Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бохтар намоиши «Алиҷон ва хирс»-ро нишон дод.
Ҳунармандони Туркманистон намоиши «Қиссаҳои қадим», Қазоқистон — «Пуст ва варзиш», Федератсияи Русия — «Малика ва нахӯд ё панҷ шаби беохир» ва Ӯзбекистон — «Тойча»-ро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар маросими ҷамъбастии фестивал ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе намоиши «Қиссаи Рустам»-ро аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пешниҳод намуданд. Иштирокчиён ва ҳунармандони фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди санъати театрӣ ва иштироки фаъолона қадрдонӣ шуданд.
Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» аз соли 2007 инҷониб баргузор мешавад. Он дар ду сол як маротиба доир мегардад. Ҳадафи аслии он таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Чунин фестивалҳо нақши муҳим дар ҳифз ва рушди санъати театрӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангии минтақавӣ ва тарбияи насли наврас бо арзишҳои инсонӣ ва зебоӣ мебозанд. Намоиши асарҳои классикии тоҷикӣ, аз ҷумла аз «Шоҳнома», ба меҳмонони хориҷӣ имкон медиҳад, ки бо мероси бойи фарҳангии Тоҷикистон шинос шаванд ва ҳамзамон таҷрибаи эҷодии ҳунармандони кишварҳои ҳамсояро ғанитар гардонанд.
Акс: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
