Дар мухокимаи панели, ки дар Душанбе баргузор шуд, намояндагони Кумитаи хифзи мухити зист, мутахассисони сохаи халли ба табиат нигаронидашуда ва рузноманигорони экологи иштирок намуданд

Рохбари маркази иттилооти экологи, таблигот ва барномасозии компютери Гулрухсор Тиллои кайд намуд, ки Кумитаи хифзи мухити зист аксияхои сабз ва экологиро фаъолона мегузаронад. Ин чорабинихо чамоатхои махалли ва табакахои гуногуни ичтимоии ахолиро дар бар мегиранд ва инчунин Васоити ахбори оммаро барои пахн намудани иттилоот чалб мекунанд.
“Татбики тачрибахои нав танхо як кисми кор аст. Мухим аст, ки ба ахоли таълим дихед, ки чи гуна ин тачрибахоро самаранок истифода бурдан мумкин аст”, таъкид намуд Тиллои.
Иштирокчиён эълони соли 2024-ро дар Душанбе Соли маърифати экологи барраси намуданд. Ин як кадами мухим дар самти баланд бардоштани сатхи огохии ахоли ва расидан ба Хадафхои рушди устувор мебошад. Инчунин кайд намуда шуд, ки табдил додани пойтахт ба намунаи рушди устувори шахр муносибати комплексиро талаб мекунад.
Имрузхо одамонро дар бораи усулхои нави хифзи мухити зист на танхо тавассути расонахои анъанави, балки тавассути шабакахои ичтимои низ самаранок огох намудан мумкин аст. Онхо воситаи мухим барои пахн намудани дониш ва баланд бардоштани огохии экологи мешаванд.
Дар чараёни чорабини якчанд халли инноватсиони пешниход намуда шуд, ки ба бехтар намудани вазъи экологи дар Душанбе равона намуда шудаанд.
Акс Осиё-Плюс
