Душанбе, 14 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои марбут ба Ҷаласаи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз гардиданд. Ба Душанбе ҳайатҳои парлумонӣ ва роҳбарони мақомоти қонунгузори Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҷамъ омаданд, то масоили муҳими ҳамкории байниминтақавиро баррасӣ кунанд.

Корҳои ҷаласаро Комиссияи доимии АБИ ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ оғоз намуд, ки онро Айгул Куспан, раиси Кумитаи Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният роҳбарӣ кард.
Дар ҷараёни ҷаласа самтҳои асосии ҳамкории сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалӣ миёни кишварҳои узви ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон ҳамчунин натиҷаҳои конфронсҳо ва ташаббусҳои марбут ба таҳкими амният ва рушди ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ карданд.
Яке аз масъалаҳои асосии муҳокима — пешгирӣ аз истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дар мақсадҳои террористӣ буд. Дар ин бора Мурад Тангиев, намояндаи Идораи зиддитеррористии СММ иттилоъ дод. Ӯ таъкид намуд, ки ҷомеаи парлумонии ИДМ дар таҳияи асосҳои ҳуқуқие, ки барои муқовимат бо таҳдидҳои нави амниятӣ заруранд, нақши муҳим мебозад.
Иштирокдорони ҷаласа ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Бо гузориши муфассал Кобилҷон Хушвахтзода, раиси Кумитаи Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон дар давраи раёсати худ талошҳоро ба таҳкими эътимоди сиёсӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таҳкими нақши ИДМ ҳамчун минбари муассири ҳамкории минтақавӣ равона кардааст.
Дар ҷаласа масъалаи додани мақоми нозир ба Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар назди АБИ ИДМ низ баррасӣ шуд, ки барои густариши ҳамкориҳои башардӯстона ва вокуниши якҷоя ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин вакилони парлумон дар бораи омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) мубодилаи афкор намуданд ва зарурати ҳифзи хотираи таърихӣ ва ваҳдати халқҳои ИДМ-ро таъкид карданд.
Иштирокдорон инчунин бо натиҷаҳои чорабиниҳои байналмилалӣ ва фаъолияти БРИКС, аз ҷумла бо гузориши марбут ба раёсати Бразилия дар соли 2025, шинос шуданд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ минбари муҳими ҳамкории сиёсӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатӣ буда, барои таҳкими субот ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳои минтақа саҳми арзанда мегузорад.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
