Дар Душанбе омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баррасӣ шуд - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баррасӣ шуд

Душанбе, 15 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 14 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, брифинг дар робита ба корҳои омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» баргузор гардид. Конфронс аз 25 то 28 майи соли 2026 дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад.

Зимни брифинг ба намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, инчунин мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ маълумоти муфассал оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби Душанбе пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд дар Душанбе бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз минбарҳои муҳими байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, рушди устувор ва ҳамкории минтақавӣ тасдиқ менамояд. Ин конфронс ҳамчун марҳилаи муҳим дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва таҳкими ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносон арзёбӣ мешавад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: