Душанбе, 21 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 19 июл дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Чорабинӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт имконият фароҳам овард, ки бо дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии маркази вилояти Суғд аз наздик шинос шаванд.

Дар доираи чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи пурмуҳтавои фарҳангиву адабӣ ташкил гардида, фарҳанг ва имкониятҳои рушди шаҳри Хуҷанд ба таври васеъ муаррифӣ шуданд.
Дар маросими ифтитоҳ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қодирзода Руслан Раҷаб, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, меҳмонон ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Меҳмонон зимни боздид аз намоишгоҳ бо маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хуҷанд шинос шуда, ба сифату гуногунрангии маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Дар идомаи чорабинӣ аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳри Хуҷанд бо барномаи рангини консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва композитсияҳои адабӣ фазои идонаро рангоранг намуда, фарҳангу суннатҳои ғании миллати тоҷикро муаррифӣ карданд.
Дар доираи чорабинӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб ба раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои шаҳри Хуҷанд дар пойтахт Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ-ро тақдим намуд.

Таъкид гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни минтақаҳо, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Ин иқдом дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус касб намуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва муаррифии имкониятҳои фарҳангиву иқтисодии минтақаҳои кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо имрӯз ба яке аз воситаҳои муҳими дипломатияи фарҳангии дохилӣ табдил ёфтаанд. Ин чорабиниҳо на танҳо мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ мекунанд, балки имкониятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва рушди иҷтимоии минтақаҳоро низ нишон медиҳанд.

Шаҳри Хуҷанд ҳамчун яке аз марказҳои муҳими саноатӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо истифода аз чунин платформаҳо ҳамкориҳои байниминтақавиро тақвият дода, дастовардҳои худро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ муаррифӣ менамояд. Ҳамгироии фарҳанг, иқтисод ва анъанаҳои миллӣ чунин чорабиниҳоро ба қисми муҳими омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додааст.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд
