Душанбе, 12 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 10 ноябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Такмили малакаҳои касбии судяҳо оид ба таъмини дастрасии кӯдакон ба адолати судӣ: таҷрибаи байналмилалӣ, равишҳо ва дурнамои рушд» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади таҳкими донишҳои касбӣ ва малакаҳои амалии судяҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва таҳияи равишҳо барои такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон дар низоми адолати судӣ ташкил шуда буд.
Дар кори конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳокимияти судӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд. Дар қатори иштирокчиён судяҳо ва коршиносон аз Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон буданд. Формати кор ҳам очно ва ҳам масофавӣ буд.
Диққати асосӣ ба ташаккули низоми адолати судии ба кӯдак дӯстона равона гардид. Иштирокчиён масъалаҳои ҳифзи кӯдакони ҷабрдида ва шоҳидон, истифодаи чораҳои алтернативӣ ба маҳрум кардан аз озодӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии дубораи кӯдакон ба ҷомеа, инчунин тақвияти ҳамкории байниидоравиро ҳамчун шарти зарурии кори самарабахш бо ноболиғон баррасӣ карданд.
Дар конфронс ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон низ иштирок намуд. Коршиносони созмон таҷрибаи байналмилалиро дар самти таъмини адолати судии ба кӯдак дӯстона ва равишҳои алтернативии ҷалби кӯдакон ба мурофиаи ҷиноятӣ муаррифӣ карданд.
Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Габриэл Акимова таъкид намуд:
«ЮНИСЕФ дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи шариконро тавассути пешниҳоди таҷрибаҳои техникӣ, далелҳои илмӣ, инчунин баргузории омӯзишҳо барои судяҳо ва дигар мутахассисони низоми адолати судӣ идома медиҳад. Биёед аз ин фурсат истифода бурда, низоми адолати судиеро бунёд намоем, ки дар он ҳар як кӯдакро мешунавад, ҳифз мекунад ва барои ояндаи дурахшони ӯ имконият фароҳам меорад».
Конфронс қадами навбатӣ дар рушди муколамаи минтақавӣ оид ба масъалаҳои адолати судии ноболиғон гардид. Барои Тоҷикистон, ки ислоҳоти пайвастаро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак амалӣ мекунад, табодули таҷриба бо кишварҳои ҳамсоя ва коршиносони байналмилалӣ аҳамияти амалӣ дорад. Иштирокчиён қайд карданд, ки ҷорӣ намудани стандартҳои ба кӯдак дӯстона на танҳо тағйироти қонунгузорӣ, балки салоҳиятҳои устувори касбии корпуси судяҳоро талаб мекунад.
Акс: Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
