Душанбе, 09 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов аксияи идона ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ ба хотираи қаҳрамониву ҷоннисориҳои иштирокчиёни ҷанг бахшида шуда, дар он ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони ҷомеаи таълимӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни аксия иштирокчиён ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳми мардуми шӯравӣ дар ба даст овардани Ғалаба ва аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Таъкид гардид, ки пос доштани хотираи қаҳрамонон ва омӯзиши таърих дар тарбияи ватандӯстии насли ҷавон нақши муҳим дорад.
Чорабинӣ дар фазои эҳтиром, хотира ва ҳамбастагии наслҳо баргузор шуда, ҳамчун як иқдоми муҳими тарбиявӣ дар самти баланд бардоштани худшиносии миллӣ арзёбӣ гардид.
АКС: филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов
