Душанбе, 15 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 13 июн Форуми Trans-Caspian 2026 баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода имкониятҳои васеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумот (Data Centers) муаррифӣ намуд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар форум таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди дарозмуддати мамлакат муайян намудаанд.
Дар ин замина, як қатор корҳои назарраси иҷрошуда, аз ҷумла таъсиси IT Park Dushanbe, лоиҳаҳои муваффақи стартапии Zypl.ai, Академияи зеҳни сунъӣ, қабули аввалин «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар минтақа ва дигар иқдомҳо номбар шуданд.
Дар анҷом ширкатҳои амрикоӣ бо назардошти имкониятҳои васеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумот даъват шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
