Душанбе, 21 мая — ИА «Караван Инфо». Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи муноқишаҳои оилавӣ ва саҳми нозирони минтақавии милитсия дар пешгирии онҳо баргузор гардид.

Дар семинар кормандони самти хизмат, аз ҷумла ҳамаи нозирони минтақавии милитсияи мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва устодони Академияи ВКД иштирок намуданд.
Дар кори семинар-семинар сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон иштирок намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии ин чорабинӣ роҳандозии усулҳои самараноки корбарӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи милитсия бо аҳолӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамкорӣ махсусан дар ҳалли муноқишаҳои оилавӣ, пешгирии падидаҳое, ки тартиботу оромии ҷомеаро халалдор мекунанд, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони ҳифзи тартибот, аз ҷумла нозирони минтақавӣ, аҳамияти муҳим дорад.
Дар идома таъкид гардид, ки зарурати баланд бардоштани малакаи касбии нозирони минтақавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави корбарӣ дар минтақаи хизматӣ, ҳамкорӣ бо пирони рӯзгордида ва фаъолони маҳал барои таҳкими солимии оила ва ҷомеа, инчунин коҳиши зӯроварӣ ва нофаҳмиҳо дар оилаҳо мавҷуд аст.
Ҳамзамон зикр шуд, ки ҳамкории нозирони минтақавӣ бо дигар ниҳодҳои масъули тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бояд тақвият дода шуда, принсипи хушмуомилагии хизматӣ қатъиян риоя гардад. Баррасии саривақтии арзу дархост ва муроҷиатҳои шаҳрвандон аз дигар самтҳои муҳими фаъолият дониста шуд.
Сардори Раёсат таъкид намуд, ки нозирони минтақавӣ бояд дар пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ дар ҷомеа саҳми фаъол гузоранд.
Инчунин ба нозирон дастур дода шуд, ки вазифаҳои хизматии худро тибқи фармону дастурамалҳо софдилона иҷро намоянд, дар муошират бо шаҳрвандон намунаи рафтори нек бошанд, сатҳи дониши худро пайваста баланд бардоранд, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва масъулияти баланди хизматӣ нишон диҳанд.
Дар кори семинар инчунин устодони Академияи ВКД ва роҳбарони шуъбаҳои Раёсати ВКД дар вилоят доир ба самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави корбарӣ дар фаъолияти нозирони минтақавӣ маърӯза намуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
