Дар Хоруғ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид  – ИА Караван Инфо
Дар Хоруғ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид 

Душанбе, 18 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Субҳи 17 майи соли равон маркази маъмурию фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ба майдони васеи варзишӣ табдил ёфт. Дар ин ҷо бо иштироки васеи сокинон, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи он тарғиби варзиш, густариши ҳаракати оммавии ҷисмонӣ ва таҳкими рӯҳияи ҳамбастагиву ватандӯстӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Дар оғози ҳамоиш раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирокдоронро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки баргузории Дави миллӣ дар Ватани маҳбубамон нишони сулҳу оромӣ, якдиливу якмаромӣ, сарҷамъӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи ниёгон мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ табдил дода, барои ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба варзиш санадҳои меъёриву ҳуқуқии навро қабул ва амалӣ менамояд.

Пас аз қисми расмӣ иштирокчиён масиреро аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то Боғи Ғалабаи шаҳри Хоруғ тай карданд. Ин ҳаракати оммавӣ на танҳо сабқати варзишӣ, балки намоиши зиндаи нерӯи ҷавонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи созанда дар ҷомеа буд.

Барномаи ҷолиби рақсию суруд ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида, фазои идонаро боз ҳам пуршукӯҳтар намуд.

Акс: Хадамоти матбуоти Раиси ВМКБ

error: