Дар Казокистон ичозатномадихии хизматрасонихои махсуси ичтимои чори намуда мешавад - ИА Караван Инфо
Дар Казокистон ичозатномадихии хизматрасонихои махсуси ичтимои чори намуда мешавад

Аз аввали соли 2025 дар Казокистон ичозатномадихии хизматрасонихои махсуси ичтимои чори намуда мешавад. Ин навовари ба баланд бардоштани сифати хизматрасони, таъмини амният ва хифзи хукукхои гирандагон, инчунин мукаррар намудани стандартхои ягона барои ташкилотхое, ки чунин хизматрасонихоро пешниход мекунанд, равона намуда шудааст.

Карори ичозатномадихи пас аз тахлили хамачонибаи вазъи соха кабул намуда шуд. Тахлили пешаки нишон дод, ки на хама ташкилотхое, ки хидматхои махсуси ичтимои мерасонанд, ба талаботи зарури чавобгу мебошанд. Аз чумла, вайронкунии меъёрхои санитари, коидахои бехатарии сухтор, инчунин тахассуси нокифояи кормандон ошкор намуда шуд.

Ба гуфтаи Раиси Кумитаи танзим ва назорат дар сохаи хифзи ичтимои Толеген Оспанкулов, ичозатномадихи як кадами мухим дар навсозии системаи хидматрасонии ичтимои хохад буд ва имкон медихад, ки сифати зиндагии маъюбон ва дигар ахолии аз чихати ичтимои осебпазир баланд бардошта шавад.

Барои гирифтани ичозатнома, ташкилотхо бояд ба як катор талабот чавобгу бошанд, аз чумла бинои мувофик, тачхизоти зарури, кормандони сохибихтисос ва дастрасии маъюбон.

Дар айни замон корхо оид ба мувофик намудани ташкилотхое, ки хидматхои махсуси ичтимои мерасонанд, ба талаботи нав гузаронида мешаванд. Интизор меравад, ки ичозатномадихи барои гирандагони хидматхо шароити бехатар ва барохаттар фарохам оварад ва самаранокии баркарорсозии ичтимоиро афзоиш дихад.

Аксхо: freepik.com

error: