Душанбе, 08 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 7-уми майи соли 2026 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори ду санаи муҳим — Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон — баргузор гардид. Ин маҳфил на танҳо ҷашнӣ, балки як ёдоварии муҳим аз пайванди наслҳо, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар рушди кишвар буд.

Дар чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои таълимии коллеҷ Шоҳиддин Наҷмуддинов, сардори раёсати рушди иҷтимоии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розиқзода, мудири бахши кор бо ҷавонони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Махкам Гулзод ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Шоҳиддин Наҷмуддинов зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид кард, ки фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ қаҳрамониҳо нишон дода, дар ғалабаи умумии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми арзанда гузоштанд. Ӯ ёдовар шуд, ки хотираи онҳое, ки барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисорӣ кардаанд, ҳамеша дар дилҳои наслҳои баъдӣ боқӣ мемонад.

Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯсти тоҷик аст ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ бояд ин масъулиятро дар назди миллату давлат бо садоқат иҷро намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ як гурӯҳ омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Акс: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова
