Душанбе, 25 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи сафари кории Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафшаи Файзиддинзода ба ноҳияи Муъминобод дар Ҷамоати шаҳраки Чорсу ифтитоҳи Маркази дастгирии занони ҳунарманд «Чирадаст» баргузор гардид.

Тавре таъкид гардид, марказ аз ҷониби ҳунарманду соҳибкор, дорандаи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 Гулбарг Боқиева бо истифода аз маблағҳои гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, таъсис дода шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи марказ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, занони фаъол, ҳунармандон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки таъсиси чунин марказҳо ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли занон ва дастгирии фаъолияти соҳибкории онҳо мусоидат менамояд.
Зимни боздид аз марказ ҳунармандон намунаҳои эҷодиёти худро, аз ҷумла чакан, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва дигар намудҳои ҳунари мардумиро муаррифӣ намуданд. Раиси Кумита бо фаъолияти онҳо шинос шуда, сифати маҳсулоти пешниҳодшударо баланд арзёбӣ кард.

Ҳангоми суҳбат бо ҳунармандон Бунафшаи Файзиддинзода иброз дошт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии занону духтарон аҳамияти муҳим дорад.
Ӯ таъкид намуд, ки занони тоҷик бо истифода аз истеъдод, маҳорати баланд ва меҳнати софдилонаи худ метавонанд дар рушди иқтисоди оилавӣ ва муаррифии шоистаи ҳунарҳои миллӣ саҳми назаррас гузоранд.
Раиси Кумита ҳамчунин занону духтаронро даъват намуд, ки касбу ҳунарҳои навро аз худ намоянд, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намуда, тавассути ташаббусҳои созанда дар рушди ҷомеа фаъолона иштирок кунанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳифз ва густариши анъанаҳои миллӣ таъкид карданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
