Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи марҳилаи навбатии корҳои демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагони ду кишвар 14 июл дар қитъае, ки аз нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оғоз меёбад, якҷоя чор сутуни сарҳадиро насб карданд.

Ин иқдом идомаи татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада буда, аз рушди ҳамкориҳои созанда, таҳкими эътимоди мутақобила ва иродаи устувори ҷонибҳо барои анҷоми пурраи корҳои демаркатсионӣ шаҳодат медиҳад.
Дарозии умумии сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 1008,14 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дарозии умумии қитъаҳои замини дорои мақоми бетараф 14,07 километр мебошад.
Ба анҷом расидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, ки моҳи декабри соли 2002 оғоз гардида буд, яке аз дастовардҳои муҳими таърихӣ арзёбӣ гардида, барои оғози марҳилаи нави муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байни ду давлати ҳамсоя заминаи устувор фароҳам овард.
13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро ба имзо расониданд. Ин санад барои таҳкими эътимоди байнидавлатӣ, таъмини суботи дарозмуддат ва рушди устувори минтақаҳои наздисарҳадӣ заминаи боэътимоди байналмилалӣ-ҳуқуқӣ гузошт.

Бо мақсади татбиқи супоришҳои сарони давлатҳо Комиссияи муштараки демаркатсионӣ таъсис дода шуда, гурӯҳҳои кории ду кишвар ба амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои марбут ба аломатгузории сарҳад оғоз намуданд. Корҳо дар фазои эътимоди мутақобила, шарикӣ ва ҳамкориҳои созанда идома доранд.
Ҷонибҳо бар он назаранд, ки аломатгузории дақиқи сарҳади давлатӣ омили муҳими таҳкими амнияти минтақавӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои наздисарҳадӣ, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими дӯстии байни халқҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Декларатсияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадиро ба имзо расонида, ҳамзамон ба таври фосилавӣ стеллаи рамзиро дар нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ифтитоҳ намуданд. Корҳои имрӯзаи демаркатсионӣ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати сулҳпарварона ва ҳамкориҳои созандаи кишварҳои минтақа ба шумор мераванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
