Дар ноҳияи Рашт Рӯзи байналмилалии оила бо баргузории озмунҳо, қадрдонӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил гардид – ИА Караван Инфо
Дар ноҳияи Рашт Рӯзи байналмилалии оила бо баргузории озмунҳо, қадрдонӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил гардид

Душанбе, 18 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки намояндагони сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа, оилаҳо ва ҷавононро атрофи масъалаи таҳкими арзишҳои оиладорӣ ва тарбияи насли наврас муттаҳид намуд.

Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои гарму идона доир гардида, меҳвари асосии он масъалаҳои нақши оила ҳамчун такягоҳи муҳими ҷомеа, ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва фароҳамсозии муҳити солим барои тарбияи фарзандонро дар бар гирифт.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ниҳоди оила ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мешавад. Дар ин замина аз таваҷҷуҳи пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими оила, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тарбияи ҷавонон ёдовар шуда, зикр гардид, ки чунин сиёсати иҷтимоӣ барои ташаккули ҷомеаи солим заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар доираи барномаи идона озмунҳои «Оилаи намунавӣ» ва «Фарзанди беҳтарин» баргузор гардида, оилаҳои фаъолу намунавӣ ва кӯдакону наврасони соҳибистеъдод бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешниҳоди ҳозирин гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳнаҳои тарбиявӣ ва барномаҳои ҳунарӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшиданд.

Ба таъкиди ташкилкунандагон, баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, боло бурдани эҳтиром ба падару модар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли шоистаи ҷомеа нақши муҳим дорад.

Манбаи акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

error: