Дар ноҳияи Шоҳмансур мавсими истироҳату солимгардонии кӯдакон оғоз ёфт: нахустин гурӯҳ ба «Зимчуруд» сафарбар шуд - ИА Караван Инфо
Дар ноҳияи Шоҳмансур мавсими истироҳату солимгардонии кӯдакон оғоз ёфт: нахустин гурӯҳ ба «Зимчуруд» сафарбар шуд

Душанбе, 13 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Шоҳмансур ба мавсими тобистонаи истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон расман оғоз бахшида шуд. Имрӯз нахустин гурӯҳи хонандагон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд», ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, сафарбар гардиданд. Дар ин ҷо дар давоми мавсими тобистон барои истироҳат, солимгардонӣ ва фароғати пурмазмуни кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Маросими сафарбаркунии кӯдакон назди бинои шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар он муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Асомиддин Бобозода, падару модарон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Барои интиқоли кӯдакон автобусҳои махсус ҷудо гардида буданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки таъмини шароити мусоид барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Ташкили истироҳати тобистона на танҳо барои беҳтар намудани вазъи саломатии кӯдакон, балки барои тарбия, рушди маънавӣ ва иҷтимоии онҳо низ аҳамияти калон дорад.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, дар мавсими тобистонаи соли 2026 фаъолияти истироҳатгоҳ дар чор баст ба роҳ монда мешавад. Дар ҳар баст 250 нафар кӯдак фаро гирифта шуда, дар маҷмӯъ барои истироҳату солимгардонии 1000 нафар хонанда шароит муҳайё шудааст.

Таваҷҷуҳи махсус ба дастгирии иҷтимоии кӯдакон равона гардидааст. Пеш аз ҳама ба истироҳатгоҳ кӯдакони ятиму бепарастор, фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин хонандагони фаъол ва ғолибони олимпиадаҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ сафарбар карда мешаванд. Синну соли иштирокчиён аз 7 то 14 солро дар бар мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар басти аввал дар баробари хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур, инчунин тақрибан 40 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ба истироҳату солимгардонӣ ҷалб гардидаанд.

Барои кӯдакон барномаи васеи фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ омода шудааст. Ташкилкунандагон бар он назаранд, ки истироҳат дар «Зимчуруд» ба хонандагон имкон медиҳад саломатии худро беҳтар намуда, дониш ва малакаҳои нав ба даст оранд ва таътили тобистонаи худро бо хотираҳои хубу фаромӯшнашаванда сипарӣ кунанд.

Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур